Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Хабарҳо

НАЗАРИ ИСЛОМ БА ХУДКУШӢ  

print

 Инсон вақте ба дунё меояду соҳибақл мегардад, агар аз як тараф соҳиби тақдири зиндагонии заминиаш бошад, аз тарафи дигар бояд фаромӯш насозад, ки ҳаёти ӯ барои наздикону пайвандон ва ҷомеа бештар зарур аст. Ҳар як инсон дар масири ҳаёти худ ба мушкилоту имтиҳоноти сахт рӯ ба рӯ мегардад. Муаммои асосӣ маҳз дар ҳамин ҳолат пайдо мешавад. Он ҳам бошад пайдо кардани василаи ҳалли мушкилот ё бартарафсозии муаммоҳо. 

 Дар аксари ҳолат ҷомеа мекӯшад, ки дар раванди ҳалли муаммоҳо дастгири узви худ, яъне инсон бошад, вале мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо ҷомеа ба мушкилоти инсон эътино зоҳир намекунад ва инсон бо муаммои худ дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мемонад ва дар ҳамин ҳолат метавонад ба кирдорҳои номатлуб даст занад. Яке аз ин кирдорҳои номатлуб худкушӣ мебошад, ки мутаассифона имрӯз ба масоили доғи рӯз табдил ёфтааст ва ҳалли он ногузир мебошад.

Худкушӣ бо ҳар васила ва баҳонае,  ки бошад аз байн бурдани нафс аст, ки шахс ҳақ надорад нисбат ба ин амонат бетаваҷҷуҳ бошад, чӣ бошад ба ин ки ба он хиёнат ва ё онро аз байн барад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: Худатонро накушед. Ҳамоно Худованд ба шумо меҳрубон аст (сураи Нисо, ояти 29) ва дар ҷойи дигари Қуръон омадааст: Худро бо дас-ти худ ба ҳалокат наяфканед. (сураи Бақара, ояти 95).

Дини мубини Ислом мехоҳад мусулмон собитқадам, бо ирода ва дар баробари мушкилот нерӯманд бошад ва иҷозат намедиҳад, ки дар зиндагӣ тарсӯ ва нотавон буда, аз мушкилот фирор кунад ва вақте ба орзуи худ нарасид, дунёро ба худ танг созад ва чорае ҷуз худкушӣ надошта бошад. Мусулмон барои кӯшишу талош ва дифоъ халқ шудааст, на барои нишастан, фирор кардан ва гиряю зорӣ намудан. Имон ва ахлоқи исломӣ иҷозат намедиҳад, ки шахс аз майдони зиндагӣ берун равад. Мусулмонон аслиҳае дар даст доранд, ки ҳеҷ гоҳ аз кор намеафтад ва захирае дар ихтиёрашон мебошад, ки ҳаргиз ба поён намерасад, ин аслиҳа имони қавӣ ва он захира ахлоқи писандидаи исломӣ мебошад.

Пайғамбар (с.а.в.) касонеро, ки иқдом ба худкушӣ мекунанд, ба маҳрум будан аз карами Худо дар биҳишт ва сазовори ғазаби ӯ дар дӯзах таҳдид намудааст: як нафар аз умматони Паёмбарони пешин захмӣ шуд ва аз он ранҷ мебурд, кордеро ба шоҳраги дасташ зад ва онро пора кард ва хунаш қатъ нашуд ва он вафот кард. Худованд  фармуд, ки бандаам нисбат ба нафси худ аз ман пешӣ гирифт, ман ҳам биҳиштро бар ӯ ҳаром намудам. (Ин ҳадисро Ал-Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд).

Вақте касе, ки ба хотири таҳаммул накардани ранҷи захме худ-ро мекушад аз неъмати биҳишт маҳрум мешавад. Ҳоли касоне, ки ба хотири қасд дар муомила ва ноком шудан дар имтиҳон ва ё муваффақ нашудан дар издивоҷе худро мекушанд, чӣ бошад?

Бояд афроди тарсу ва беирода, ин таҳдиди Паёмбар (с.а.в.)-ро, ки қалби ҳар инсонро такон медиҳад, бишнаванд: «Касе, ки аз кӯҳе худро парт кунад ва худро бикушад, дар оташи ҷаҳаннам аз боло ба поён парт мегардад ва доимо дар он  ҷо боқӣ мемонад. Касе, ки бо заҳр худкушӣ кунад, он заҳр дар дастонаш қарор мегирад ва онро пай дар пай то абад менӯшад. Ва касе бо василаи бурандае (ханҷар) худкушӣ кунад, он васила дар дасташ қарор мегирад ва он василаро пай дар пай дар бадани худ мехалад ва бо ин ҳол дар ҷаҳаннам боқӣ хоҳад монд». (ин ҳадисро Ал-Бухорӣ ривоят кардааст).

Дар дигар ҳадис омадааст: мардеро назди Пайғамбар (с.а.в.) оварданд, ки худро ба катл расонида буд. Пайғамбар (с.а.в.) намози ҷанозаи ӯро нахонданд. (Ровии ҳадис Муслим мебошад).

Ин аст сазои худкушӣ. Дӯстони азиз ва хеле ҳам гиромӣ, аз ин фармудаҳои Худованд ва Пайғамбарамон маълум шуд, ки худкушӣ ин як амали номатлуб мебошад. Бояд ҳар як шахси солим андеша кунад, ки Худованд барои чӣ ӯро офарид ва вазифаи ӯ дар ин дунё чист?

Идроки ин мафҳум метавонад ҳар як инсонро сарфароз ва масрур гардонида, барои фатҳи қуллаҳои навини музаффариятҳо сафарбар намояд.

Ориф МАРДОНОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами

ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *