Нуқтаи назар Сиёсат

ПАЁМ РАВАНДИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯРО ТАКОН МЕБАХШАД

print

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки «Мо диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мекунем, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд». Ин фармудаи Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷро намудани вазифаҳои мансабӣ ва фаъолияти рӯзмарраи худ масъулияту виҷдон ва волоияти қонунро фаромӯш насозем ва кори худро тавре иҷро намоем, ки барои амалҳои коррупсионӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда замина ҳосил нашавад.

Тавре ки маълум аст, имрӯз дар кишвар бо мақсади тақвият бахшидан ба  муқовимат  алайҳи коррупсия тибқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» амал мекунад.

Стратегияи мазкур аз 5 фасл иборат буда, фасли аввал самтҳои асосии стратегияро муайян карда, фасли дуюм бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳо, фасли сеюм ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ, фасли чорум натиҷаҳои татбиқи стратегия, мониторинг ва арзёбии он ва фасли панҷум нақшаи  чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро дар бар мегирад.

Фаромӯш набояд сохт, ки ҳадафи ни- ҳоии ҳуҷҷати мазкур паст кардани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идораи давлатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди кишвар мебошад.

Яке аз қисмҳои таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон раванди муқовимат бо коррупсия буда, самаранокии фаъолият дар ин самт бо иштироки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалии манфиатдор таъмин мегардад.

Пешвои миллат борхо таъкид карданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию  иқтисодии давлат мебошад. Аз ин рӯ месазад, ки ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои бавуҷудоваранда, сари вақт ошкору бартаф намудани амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми сохторҳо ва аъзои ҷомеа фаъолияти самарабахш дошта бошанд.

Масъулияти назорати ҷараёни иҷрои стратегия дар шаҳри Турсунзода ба зиммаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қарор дорад. Бинобар ин, ҳар шаҳрванд, ташкилот, идора ва созмон мета

вонад дар мавриди пайдо шудани зарурат ҳамкории мутақобилан судмандро бо Комиссияи мазкур ва мақомоти дахлдори давлатӣ роҳандозӣ намояд.  Зеро  пешгирӣ, ошкор кардану ба  ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба кирдорҳои коррупсионӣ роҳдода, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи он, ташаккули фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ, фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ кори аҳли ҷомеа буда, танҳо фаъолияти дастаҷамъона метавонад самараи дилхоҳ ба даст орад.

Парвиз АКРАМЗОДА,

муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода, раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *