Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Нуқтаи назар Саноат Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА  БАҲРИ ИДОМАИ БУНЁДКОРИҲО

print

Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ аз 8-ум то 16-уми январи соли равон сафарбар шудаанд.  Аз ҷумла ба шаҳри Турсунзода низ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода ташриф оварданд ва мутобиқи ҷадвали тартибдодашуда дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо аҳолӣ, роҳбарони корхонаву ташкилот ва идораҳо вохӯриҳо оғоз ёфт.  Дар вохӯриҳо раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов, Мусаллама Қодирова, раиси шаҳри  Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, намояндаи академияи илмхои Чумхурии Точикистон Ниёзӣ Ёрмуҳаммад, сардори ШВКД-шахр Искандарзода Мухаммадшо Амиршо, прокурори шахр Мирзошариф Шарифзода, муовинони раиси шаҳр-Парвиз Акрамзода, Холова Солеҳа, Ғафурҷон Собиров, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Муистон Азизова, сардори ШВКД дар шаҳр Искандарзода М, намояндаи ШКДАМ дар шаҳр Шамсулло Расулов иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо аъзои гурӯҳ андешарониҳоро соддаву самимӣ, ба диди мардум наздик баён дошта, бо муҳтавои Паём шинос намуданд. Зини вохӯриҳо вазъи пуртазоди ҷаҳонро Б. Худоёрзода таҳлил намуда,  ишорат бар он намуд, ки Пешвои миллат Паёми имсолаи худро маҳз аз «раванди бартариҷӯии мусаллаҳшавии бошитоб», «нооромиву низоъҳо», «ҳамчун айёми душвори пуртазод» оғоз намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт». Ҷаҳони муосир дар ҳолати ногувор қарор дошта, моро зарур аст, ки насли наврас ва фарзандони худро ба роҳи нек ҳидоят намоем. Аз ин рӯ мардуми азизи мо дарҳамдилӣ бояд тибқи фармудаҳои Пешвои миллат мамлакати азизамонро обод созанд.: «Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

Ёрмаҳмад Ниёзӣ бештар ба мавзӯи сулҳу амният диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, хизматҳои ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллатро тавзеҳ дода, дар бораи  кирдорҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ бо изҳори нигаронӣ сухан кард.

Бо таваҷҷуҳ ба Паём зимни вохӯриҳо қайд гардид, ки Пешвои миллат аз нооромии давлати ба мо дӯсту ҳамзабону ҳамсоя ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон кӯмак намоянд, ин амали нек «беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад». Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус ҳамсоягон дар оромишу сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад.

Сарвари давлат дар бораи мафҳуми терроризм пайваста ёдовар шуда, мафҳуми терроризм ва террористро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб шарҳ доданд, ки: «Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Дар ин раванд зимни вохӯриҳо  бо мардуми ҷамоатҳои шаҳр оид ба баланд бурдани саводнокӣ, вазъи китобхона ва китобхонҳо, кабинетҳои техникӣ, ёрӣ ба маъюбон, сулҳу салоҳ, истифодаи самараноки замин, барқ, сол то сол ба истиқлоли пурраи энергетикӣ расидан зикр гардид.

Узви гурӯҳи таблиғотӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садриддин Шарифов оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон сухан кард. Аз ҷумла иброз шуд, ки «Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад».

Ҳамчунин дар воҳӯриҳо таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.

Хусусан барои дастгирии соҳибкорон  оид ба  кам кардани санҷишҳо, додани имтиёзҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба раванди бо шуғли асосӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани вуруди маводи хӯрокворӣ ва  дорувории пастсифат ба ҷумҳурӣ, татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва майдончаҳои варзишӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зиёд намудани кишти такрорӣ, ба роҳ мондани коркард ва  истеҳсоли  маҳсулоти рақобатпазир дар дохили мамлакат,  навсозии неругоҳҳои барқӣ-обӣ, зиёдшавии музди маош аз моҳи сентябр, рушди инфрасохтори маҳал, тағйирёбии иқлими сайёра ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.

Дар Паёми солона Пешвои миллат  соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Мақсади ин пешниҳод тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Аз ҷумла вобаста ба ин масъала ба мардуми шаҳр муроҷиат мегардид, ки эълон гардидани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулияти сокинони шаҳрро дучанд меафзояд, зеро шаҳр дар шоҳроҳ қарор дошта, ҳамарӯза аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва давлатҳои дигар тариқи шоҳроҳ меҳмонон ва сайёҳони зиёд ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Аз ин лиҳоз, дар  ҳудуди шоҳроҳ анҷом додани корҳои бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, парвариши гули садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ вазифаи масъулин ва ҳар як сокини шаҳр мебошад.

Маърӯзачиён аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, ки  ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Зимни баргузории  маҷлиси ҷамъбастӣ Бахтиёр Худоёрзода бо самимият изҳор дошт, ки вохӯриҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботӣ дар деҳот ва ҳудуди шаҳр тамоми шароитҳо фароҳам гардида буд. Мардуми шаҳр бо самимият ва эҳсоси баланди ватандороӣ дар вохӯриҳо иштироки фаъолона карда, пайгирии худро аз сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат изҳор намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои мкуҳтарам Пешвои миллат омодагии худро таъкид намуданд.

Омӯзиши Паёми навбатии нишон медиҳад, ки ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимӣ ва  мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлат

иро водор месозад, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба хотири таҳкими муносибатҳои байналмилалии мамлакат, ҳифзи суботу оромӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва таъмини шароити боз ҳам арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст, фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Дар вохӯрии ҷамъбастӣ раиси шаҳр Саломзода С. ҳайати гурӯҳи кориро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, барои суҳбату баромадҳои пуромуҳтаво арзи сипос намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, ба ҳозирин барору муваффақиятҳо таманно кард.

Маҳмадҷон Саидов, мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор

бо кадрҳои  дастгоҳи  раиси шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *