Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

print
Модарону бонувони гиромӣ!
Хоҳарони азиз!

Имрӯз мо яке аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, рӯзи бузургдошти азизтарин шахс барои ҳар як инсон дар зиндагӣ, ҷашни баҳору зебоӣ – Рӯзи Модаро таҷлил менамоем.
Ҳамаи шуморо модарони азизу ғамхор, бонувон ва хоҳарони гиромӣ ба ифтихори ин ҷашни фархундаатон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоем.
Рӯзи Модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо рӯзи Модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, сарчашмаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Хотиррасон месозам, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст.
Яъне, мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд.

Ҳамшаҳриёни азиз!
Зан – модар оинаи чеҳранамои миллат мебошад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.
Дар ин давра асосҳои миллӣ ва роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занонро таҳким бахшида, ҷиҳати таъмин намудани имкониятҳои баробари мардону занон ҳамаи заминаҳои қонунгузорӣ муҳайё карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардаанд, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд. ӣ
Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Мову шумо нафақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».
Яъне, ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.
Дар ин самт роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки занону бонувонро ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб намуда, нақши онҳоро дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардорад.
Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии аҳолии шаҳр наздики 170 ҳазор нафарро занон ташкил намуда, айни замон дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр 34 нафар, соҳаҳои хизмати давлатии шаҳр 35 нафар, маориф 4573 нафар, тандурустӣ 1898 нафар, соҳаи фарҳанг 94 нафар, сохторҳои соҳаи иқтисод ва савдо 2149 нафар, кишоварзӣ 1125 нафар ва соҳаи саноат зиёда аз 2000 нафар занон дар қатори мардон кору фаъолият намуда, аз ин теъдод 446 нафар занони роҳбарикунанда, аз ҷумла дар соҳаҳои хизмати давлатӣ 12 нафар, маориф 86 нафар, тандурустӣ 17 нафар саҳми худро дар рушду нумӯи шаҳри азизамон гузошта истодаанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Дар робита ба ин, тавре Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, «Яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад».
Дар ин самт, мавриди ёдоварист, ки соли таҳсили 2023-2024 – 2329 нафар хонандагон муассисаҳои таълимиро хатм намуданд, ки 1113 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 1029 ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил гардидаанд, ки 446 нафарашон духтарон мебошанд. Дар баробари ин 226 нафар хонандагон ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дохил гардидаанд, ки аз он 14 нафарашон духтарон мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ташкил намудани квотаи президентӣ барои ҷалби духтарони деҳаҳои дурдасти мамлакат яке аз иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, аз ташкили квотаи президентӣ, яъне аз соли 2006 то соли 2024 дар маҷмӯъ 376 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба он ноил шуданд, ки 194 нафарашонро духтарон ташкил дода, бештари онҳо айни замон дар соҳаҳои маворифу тандурустӣ, хизмати давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд ва 115 нафарашон таҳсили худро идома дода истодаанд.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалб намудани ҷавонони кишвар ба илмомӯзӣ ҳамасола барои ноил гардидан ба гирандагони стипендияи президентӣ озмун доир гардида, ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ аз шаҳри Турсунзода 107 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи президентӣ шарафёб гардидаанд, ки 88 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Бо пайгирӣ аз иқдоми Пешвои муаззами миллат стипендияи раиси шаҳри Турсунзода низ ҷорӣ карда шуда, ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ 50 нафар хонандагон ҳамчун гирандагони стипендияи раиси шаҳр муқаррар шуда, 33 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар робита ба ин масъулини соҳаи маорифро мебояд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷалби духтарон ба таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Мо дар ҳазорсолаи сеюм – давраи инқилоби техникиву технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем.
Ин воқеият ва дар айни замон, вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин, аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд.
Дар ин раванд, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз аз ҳамин иборат аст.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки бонувону духтарони мо соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд.
Дигар ин, ки саришта кардани рӯзгори хонадон, яъне идора намудани дороиву даромади оила низ аз модарону бонувон вобаста мебошад.
Бонувону занони муҳтарам бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Фаромӯш набояд кард, ки мардуми куҳанбунёди мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз сарфаю сариштакориро асоси баракати зиндагӣ ва осоиши хонадон медонанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону хоҳарони арҷманди мо дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим, инчунин, дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистони азизамон минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарону духтарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар ва фарорасии баҳор самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек, файзу баракат ва осмони соф орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *