Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарону бонувони гиромӣ! Хоҳарони азиз! Имрӯз мо яке аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, рӯзи бузургдошти азизтарин шахс барои ҳар як инсон дар зиндагӣ, ҷашни баҳору зебоӣ – Рӯзи Модаро таҷлил менамоем. Ҳамаи шуморо модарони азизу ғамхор, бонувон ва хоҳарони гиромӣ ба ифтихори ин ҷашни фархундаатон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоем. […]