
Ба пешвози 32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода боз як хонаи бисёрошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз тарафи ширкати маҳаллии ҶДММ “Ватан-гурӯҳ” дар муддати ду сол бунёд гардида, дорои шароити заамонавӣ, аз ҷумла лифти шабонарӯзӣ, трансформатори алоҳида, системаи зидддисӯхтор ва барқтаъминкунии муосир буда, даромадгоҳ ва атрофи он бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шудааст.