Аҳолӣ ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Таҷлил Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МУҲТАРАМ АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

print
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ орад.
Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.
Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси хирадмандонаи хеш ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, мақоми онро ба сатҳи байналмилалӣ расониданд ва инак, соли чордаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.
Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ њувайдо бошад.
Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳуввиятсоз, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад
Ҷашни Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.
Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.
Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад.
Наврӯз, инчунин, ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.
Бовар дорем, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд.
Хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он – камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз обу замин самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди мо ин анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.
Дар робита ба ин, ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсоне, ки имконияту шароит доранд, хотирнишон менамоям, ки дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ ва моҳи шарифи Рамазон низ масъалаи расонидани кӯмаку дастгириро ба чунин шахсон фаромӯш насозанд.
Умед дорем, мо – мардуми шаҳри Турсунзода дар ҳамдилию ҳамбастагӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.
Бори дигар, ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азиз ва меҳмонони олиқадри шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳри азизамон саломативу хушбахтӣ, барори кор ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду фараҳманд ва чун баҳору Наврӯзи Ватани маҳбубамон сарсабзу шукуфон бошед!
Соли нави аҷдодӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *