ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК.

print

Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот,
Хабарнигорони воситаҳои ахбори омма!
Ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, ҳамаи шумо – аҳли матбуот ва хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ, воситањои ахбори омма аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Дар ин раванд таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист. Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот яке аз аввалин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад».
Бо дарназардошти ин рисолати матбуот аҳли қалами тоҷик
11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар оғози садаи 20 маҳсуб мешавад.
Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон – устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории миллат такони ҷиддӣ бахшидааст.
Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».
Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд!
Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам ё фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз кардаанд ё ба онҳо ҳамкории доимӣ дошта, бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд.
Дар ҷаҳони имрӯза низ матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма нақши муҳим доранд. Матбуоти давраи соҳибистиқлолии кишвар сатҳи демократия ва озодии ҷомеаро муайян ва ба таҳкими сулҳу ваҳдати шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» моро вазифадор менамояд, ки ҳамаи танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул кунем ва ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем.
Зеро танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад.
Вале танқид на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд. Дар ин росто солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет бар зидди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон як маъракаи огоҳона ва муғризона идома дорад. Муҳим он аст, ки аҳли қалами кишварамон дар пешорӯи ин гуна маводи ғаразноку таҳқиромез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму суботи мо, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллати қадимаи мо паҳн карда мешаванд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд. Дар ин маврид манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.
Матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода, ки он асосан дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд ёфтааст, таърихи беш аз 89 сола дорад. Дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард. Замони соҳибистиқлолии кишвар майдони фаъолияти матбуот дар шањр фарох гардида, имрӯз 6 нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Фурӯғи фарҳанг», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ҳиссагузоранд. Имрўз боэътимод метавон гуфт, ки матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназири худро гузошта истодааст.
Муҳтарам кормандони ВАО,
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккули афкори ҷомеа расонаҳо нақши муҳиму арзанда доранд. Имрӯз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти аҳли қалам беш аз пеш зиёд гардида, аз ҳар як корманди матбуот ва васоити ахбори омма тақозо менамояд, ки дар инъикоси воқеии масъалаҳои муҳими ҷомеа зираку ҳушёр бошанд. Қалам ва мафҳуми эҷоди худро ба тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат, меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва инсондӯстиву бародарӣ равона созанд.
Бо ин ниятҳои нек таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷикро ба тамоми аҳли эҷод, кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори умум бори дигар табрик гуфта, саломативу саодати рӯзгор, муваффақиятҳои касбӣ ва парвози баланди илҳоми эҷодиро таманно дорем.
Саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *