Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ва даъвати доираи васеи хабарнигорон – намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ дар минтақаи ноҳияҳои Ҳисор ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам хабарнигоронро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори омма аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода, ки он асосан дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд ёфтааст, таърихи беш аз 89 сола дорад. Дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард. Замони соҳибистиқлолии кишвар майдони фаъолияти матбуот дар шањр фарох гардида, имрӯз 6 нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Фурӯғи фарҳанг», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ҳиссагузоранд. Имрўз боэътмод метавон гуфт, ки матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназири худро гузошта истодааст.
Дар анҷоми ҳамоиш хабарнигорони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.