Аҳолӣ Аҳолӣ Хабарҳо

ИДЕОЛОГИЯ – СОҲАИ АСОСИИ ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ АСТ

print

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни маҷлиси навбатӣ бо натиҷаҳои фаъолияти бахшу сохторҳои соҳаи идеологияи шаҳр ошно гаштанд.
Дар маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардори МДНРА дар шаҳри Турсунзода, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва роҳбарони ВАО-и маҳаллӣ иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Турсунзода ҳисоботи раисони ҷамоатҳои деҳот ва бахшу сохторҳои соҳаро дар алоҳидагӣ шуниданд ва ба роҳбарон дар самти пешбурди фаъолияти пурсамар дастуру супоришҳо доданд. Таъкид шуд, ки дар маҷмӯъ, фаъолияти соҳаи иделогияи шаҳр, ки яке аз соҳаҳои пешбарандаи сиёсати давлат аст, қаноатбахш аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *