Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ҶДММ “ФАРФОР ҲОҶӢ АМОН” ДАР ДОИРАИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.

print

Рушди соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода дар заминаи дастгирии давлат ба бахши хусусӣ пешниҳоди имтиёзу имкониятҳо барои соҳибкорон таъмин гардида, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарфор Ҳоҷӣ Амон”-ро мавриди истифода карор доданд. Корхонаи мазкур дар деҳаи Регари Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори ватани Акбар Ҳомидов дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхонаи мазкур дар марҳилаи аввал 4 намуд маҳсулот аз ҷумла, чойник, пиёла, коса ва табақ истеҳсол карда мешавад. Корхона бо технологияи соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, тавассути он маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи ворид истеҳсол мегардад.
Ашёи хом барои истеҳсоли чойник, пиёла ва коса аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, баъди дар чанд марҳила кор кард намудани аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Таъкид карда шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаи мазкур барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва солҳои рушди саноат қадамҳои устувор мегузорад. Дар навбати авал дар корхона бештар аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Корхона иқтидор дорад дар марҳилаи аввал дар як сол то 500 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол намояд. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шавад. Масъулон ният доранд, ки дар оянда бо ворид намудани хати нави технологӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, шумораи кормандонро ба 60 нафар расонда, маҳсулоти хушсифати ватанӣ истеҳсол намоянд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Турсунзода дар доираи солҳои рушди саноат солҳои 2022 2026 бештар 20 коргоҳу корхонаи нав ба нақша гирифта шудааст, ки то имруз аксари он сохта шуда ба фаъолият оғоз кардаанд. Тавассути бунёди корхонаҳои нав номгуи маҳсулоти санотӣ ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *