Хабарҳо

ТАВАҶҶӮҲИ САМТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ.

print

Бо намояндагӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба аёдати собиқадори ҶБВ дар шаҳри Турсунзода – Ибрагим Худойбердиеви 100-сола рафтанд. Ибрагим Худойберди ягона собиқадори дар қайди ҳаёт буда маҳсуб меёбад ва ҳоло дар деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвар зиндагӣ дорад. Масрур Абдуллозода табрикоти самимии Пешвои миллатро. расонида, ҳамзамон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи пулиро ба миқдори 18000 сомонӣ расонид. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба миқдори 3000 сомонӣ кӯмаки пулӣ расониданд.
Зимни суҳбат бо собиқдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Ибрагим Худойбердиев аз заҳматҳои бесобиқаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид алайҳи душман ёдоварӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қарор доранд.
Дар навбати худ Ибрагим Худойбердиеви 100-сола бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, таваҷҷӯҳи доимии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуо бардошта, минатпазирии худро баён намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *