Хоҷагии деҳқонии “Самир”-и шаҳри Турсунзода, ки асосан ба парвариши тухмии босифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта машғул аст, ба парвариши тухмии пунбадонаи туркӣ бо номи “Лодос” оғоз намуд. Тухми пунбадона “Лодос” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси пахтакорони шаҳри Турсунзода гашта, ҳамчун таҷриба имсол дар майдони 50 гектар ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни кишти пунбадона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва собиқадорони соҳаи пахтакорӣ иштирок намуда, ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид доданд.
Ба раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ дода шуд, ки тухми пунбадонаи “Лодос” ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар натиҷаи парвариши босифати он метавон то 50 сентнер ҳосил ба даст овард.
Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии”Самир” нақша доранд, тухми пунбадонаро зиёд намуда, барои таъминоти минбаъдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи пахтакорӣ замина гузоранд.
Дар маҷмӯъ, тибқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода ният доранд, ки дар майдони 1000 гектар кишти пахтаро ба роҳ монанд. То имрӯз майдони киштшуда зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад.