Хабарҳо

АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНА АЗ ФАЗИЛАТҲОИ НЕКИ ИДИ САИДИ ФИТР АСТ.

print

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати инсонпарворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои хайри эҳсон ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ба назар мерасад.
Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба беш аз 100 нафар сокинони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандон кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили орду равған расонида шуд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр низ ин иқдом аз ҷониби кулли сокинони бонангу номуси диёр ҳамоҳангӣ пайдо намуда истодааст. Сокинон ва соҳибкорони деҳаи Нақшбандон Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар ҳамдастӣ ва сарҷамъӣ иқдом гирифтанд, ки ба 105 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ва 13 нафари кӯдакони маъюб кӯмаки моддӣ, аз ҷумлаи орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока расонанд.
Чунин, амалҳои хайру савобро дар арафаи баргузории иди саиди Рамазон ҳар як сокини шаҳрамон метавонад, бо истифода аз иродаи хайрхоҳонаи худ роҳандозӣ намояд ва дар саҳифаи зиндагии худ варақи хотирмонеро боқӣ гузорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *