Хабарҳо

АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД.

print

Таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода маҷлиси ҷамъбасти семоҳа оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр баргузор гардид.
Дар ибтидо кадрҳое, ки дар бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр таъин гардаанд, муаррифӣ карда шуданд. Дар асоси пешниҳоди раиси шаҳри Турсунзода Алиев Низомҷон Саидович ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Навобод интихоб гардида, Саидов Маҳмадҷон Аҳтамович, ки то ин дам вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Навободро ба ӯҳда дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Регар таъин гардид. Ба вазифаи Комиссари ҳарбии шаҳри Турсунзода Мардонзода Акобир Абдуҳаким ва ба вазифаи сардори шӯъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Турсунзода Пираков Саидамир Саидаҳтамович таъин гардидаанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия ҳисобот дод. Аз рӯйи ҳисоботи пешниҳодгардида натиҷаҳои фаъолияти бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми маҷлис раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло аз натиҷаи фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ хулосабарорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *