Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар асоси нақшаи дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода қабули сайёри шаҳрвандони ҳудуди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳаҳои Нақшбандон, Нуристон, Хуррамзамин, Пайканд, Меҳргон -1,2,3,4, Бахтовар-1,2, Лоҳутӣ, Намуна ва Файзбахш баргузор гардид.
Дар деҳаи Накшбандон нахуст раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар расми ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Сафаров Шоҳбердӣ сохта шудааст, иштирок намуданд. Маркази савдо ва хизматрасонии мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он Мини маркет, сехи дузандагӣ, толори саққобозӣ, нуқтаи фурӯши орд, маҳсулоти сохтмонӣ ва нуктаи таъмири нақлиёт мавҷуд мебошад. Бо оғози фаъолият маркази савдои мазкур, ки тибқи талаботи замон сохта шудааст, ба аҳолии деҳаҳои наздик хизмат мерасонад ва беш аз 15 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.
Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур тарабхона барои гузаронидани тўю маъракаҳо ба нақша гирифта шуда, айни ҳол дар он корҳои сохтмонӣ ва рангубори дохилӣ идома дорад.
Дар ҷараёни қабули сайёри шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аҳолии деҳаҳо оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини иловагӣ ба толори варзишии деҳаи Нақшбандон барои сохтмони бинои маишӣ, ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва утоқи кории раиси маҳалла, маҷлисгоҳ, чойхона ва китобхона, ба тавозуни ҷамоат гузаронидани қубури обкашӣ, бо мақсади таъмиру истифодабарии минбаъдаи он аз ҷониби аҳолӣ, оид ба таъмини аҳолӣ бо барки доимӣ ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон, мусоидат ба харидории дару тирезаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, харидорӣ намудани профилҳои оҳанӣ барои идомаи сохтмони варзишгоҳ, таъмин намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо масолеҳи сохтмонӣ ва идома додани сохтмони он аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳаёти мардуми деҳот муроҷиат намуданд.
Дар асоси муроҷиати шифоҳии аҳолии деҳоти 10-солагии Истиқлолият масъулин вазифадор гардиданд ва таъкид шуд, ки барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Қабули сайёри раиси шаҳри Турсунзода дар Ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *