Хабарҳо

МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАРҲИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ

print

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, дастури роҳнамое барои фаъолияти минбаъдаи тамоми хоҷагии халқи мамлакат гаштааст. Мардуми шаҳри Турсунзода низ, мисли дигар сокинони кишвар аз пайи омӯзишу амалигардонии ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат ҳастанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонов ва Қаратоғ вохӯрӣ доир намуд. дар ин вохӯрӣ вакили мардумиро муовини раиси шаҳри Турсунзода Эҳсонзода Мусулмон ҳамроҳӣ намуд.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маври шарҳу тавзеҳ қарор гирифта, зикр шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки сарфи назар аз таҳавуллоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ намудани стратегиявубарномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамасола 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард расид ва ҳар сари аҳолӣ 1.5 фоиз афзоиш ёфт.
Пешвои миллат бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватанадўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромуш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Дар вохӯрӣ инчунин интихобкунандагон оид ба масоили гуногун ба вакили мардумӣ пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *