Имрӯз, 14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе нашрияи «Известия» хабар дод. Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд. Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҲНИТ ба Суди […]