Дар ҷаҳони муосир равандҳое мавҷуданд, ки пайдоиш ва зуҳуроти онҳо на танҳо барои амнияту суботи ҷомеаи як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари байналмилалиро ба бор оварда, дар тамоми манотиқи олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки роҳу усулҳои рафъ ва мубориза бо ин зуҳурот боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯз аз рӯз, соат ба соат дар ин ё он нуқтаи курраи замин амалҳои номатлуби террористӣ сар зада, ин зуҳурот дар тамоми олам доман паҳн кардааст. Давлати Тоҷикистон низ ччун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи эҳтимолии чунин рӯйдодҳои ногувору амалҳои даҳшатзои террористӣ ва эстремистӣ, барканор монда наметавонад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум инҷониб, дар паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ хатари ин зуҳуроти номатлубро чунин баҳо додаанд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла, ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».
Имрӯз бо зуҳуроти ин падидаи хатарзо олами ислом ба талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шуда, бадтар аз ҳама, тамоми корҳои ғайришаръӣ, ҳатто аз ҷониби ифротиён аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд.
Агар доир ба таърихи пайдоиш ва мафҳуми “террор” назар афканем, аз маъхахзҳои таърихӣ бармеояд, ки нахустин бор истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар замони Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. ИСтилоҳи “таррор” дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаӣ арабии “таррор” гирифта бошанд. Аксарият ба он назаранд, ки калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд.
Тибқи маълумотҳои коршиносон бошад, истилоҳи “Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист бошад, шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Аз ин таҳлилҳо бармеояд, ки имрўз хатари терроризму экстремизм на камтар аз хатари силоҳи ядроӣ барои башарият таҳдид дорад.
Воқеан, таъсир ва ташаккули равияҳо террористӣ на танҳо ба сохту равишҳои давлатдории кишварҳои ҷаҳон, инчунин ба фазои ҷаҳони ислом низ таҳдид менамояд. Вазъи муосири кишварҳои мусулмонӣ нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ чӣ паёмадҳо бор овардаанд. Пайванд кардани фаъолияти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад ва ин масъала, барои кулли давлатҳои исломӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳ ба ҳалокат расидаву ҳазорон занону кӯдакон бесаробону бесарпаноҳ мемонанд, ҳазорон нафар рў ба гурезагӣ овардаанд.
Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби исломии Туркистон» ва монанди инҳо илова ба масъалаи нигароникунандаи дигар – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсояи Афғонистон моро водор месозад, ки ба ҳалли ин масъала диққати махсусро равона созем.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар қаламрави давлати ҳамсояи мо, Афғонистон соли 2017 бар асари амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Боиси таассуф аст, ки 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Тибҷи ҳисоби муаррихон дар асри 17 ҳамагӣ 33 амали террористӣ ба муҷобили ходимони давлатӣ анҷом дода шудааст. Дар асри 18 бошад, 144 ва дар асри 19 теъдоди 22 амали террористӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар асри 20 бошад, танҳо шумораи шоҳу президенту сарвазирҳои терроршуда 560 ҳолатро ташкил медиҳанд. Имрўз теъдоди аҳолии осоиштаро, ки ҷурбони террор шудаанд, аниҷ кардан хеле мушкил аст.
Зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун яке аз проблемаҳои асосии имрӯза боҷӣ монда, асосгузор ва пешбарандагон ин гуна равияҳо махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба сафи худ ҷалб ва онҳоро ба ҷараёни террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ин замина, сафи низомиёну гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд. Ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ин гуна ҷавонону наврасони ноогоҳи ба доми фиребафтода кам нестанд.
Возеҳ аст, ки ноогоҳӣ аз фарҳанги исломӣ ва сатҳи пасти савияи донишҳои чӣ диниву чӣ дунявӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷабил ҷавонон аст. Мутаассифона, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба доми саркардаҳо ва аъзои гурӯҳҳои террористиву ифротӣ афтода, ҳаёти худро доғдор ва ҳатто дар ин роҳи ғалат ҷон бохтаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон, дар пайи нодониву ҷаҳолат ба чунин тирароҳ қадам гузошта, қурбони ҳадафҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ шудаанд. Қисме бо изҳори пушаймонӣ аз сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷудо шуда, ба Ватан баргаштанд ва дар заминаи сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати мамлакат ин тоифаи фирефташуда афв гардида, зиндагии осоиштаи худро дар иҳотаи оила идома дода истодаанд.
Бо дарки хатари ин зуҳуроти паҳншаванда Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди давлати чавону соҳибистиҷлол будан, дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон муҷобили ақидаҳои ифротӣ мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Сарвари давлатамон дар амри расидан ба ҳадафҳо назари худро баён дошта, таъкид карданд:
«Дар марҳилаи кунунӣ ҳамаи мову шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиҷлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуҷуҷбунёд ва дунявӣ, яъне ҳадафҳои таҷдирсози халҷу давлати мутамаддинро бар дўш дорем… Дарвоҷеъ, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро таҷозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиҷлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошад.»
Пешвои муаззами миллат зимни мулоҷотҳои хеш бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар борҳо эътимоди ҷавии худро нисбат ба ҷавонону наврасон изҳор намуда, умедворӣ карданд, ки ҷавонони шарафманду ватандўст бояд анъанаҳои беҳтарини ниёгонро сармашҷи кори худ ҷарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти он, боло бурдани обрўю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоранд. Ҷавобан ба ин умедвориҳои ояндасози Президенти кишварамон мо – ҷавонони кишвар бояд илму дониш ва сайъу талоши худро барои азхуд намудани илми муосир ва фарҳанги диниамон равона созем, аз ҳидоятҳои Сарвари ҷавонпарвари давлатамон ба самти роҳи рост, маърифати воҷеии исломӣ ва тамаддуни муосир пайравӣ намоем.
Комрон ОДИНАЕВ,сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода