print
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар рафти мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи Садриддин Айнӣ дар маркази шаҳр, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода оғоз гардид, иштирок намуданд.
Сардори МДНРА-и шаҳр Гадоев Ҳокимҷон иттилоъ дод, ки дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмири роҳҳои байнидеҳавӣ низ мароқи ҷиддӣ зоҳир гардида, дар 45 мавзеъ ба масофаи 130 км таъмири асосии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
Танҳо соли 2022 таъмири мукаммали 40 км ва таъмири ҷории 120 км роҳҳои автомобилгард ба нақша гирифта шуда, 2,6 км таъмири асосӣ ва 21 км таъмири ҷорӣ амалӣ гардида, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.