Варзиш

ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
Имрӯз ба муносибати Рӯзи варзишгарон вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Првиз Акрам бо варзишгарони доир гардид.
Варзиш ва тарзи ҳаёти солимро раиси шаҳр аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.Ҷавобан ба таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат варзишгарон дар мусобиқоти гуногуни ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, як қатор дастовардҳоро сазовор гардидаанд. Аз ҷумла дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 133 медал, аз ҷумла 48 медали тилло, 32 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 3 медали тилло ва 2 медали нуқра сазовор гардиданд.
Дар идома як қатор варзишгарони муваффақ ва мураббиён бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қардониӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *