Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 77-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги фоҷиабортарини […]
Month: Май 2022
ҚАДРШИНОСИИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН
Дар арафаи 77-солагии Рӯзи Ғалаба аз ҷониби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода ба собиқадорони ҶБВ ва меҳнаткашони ақибгоҳ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Диловарони майдони ҶБВ ва корзори ақибгоҳ барои имрӯзу фардои гулафшони Ватан дасти дуои нек бардоштанд. и
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ СЕЛ
Дар натиҷаи боришоти зиёди шаби гузашта дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият об аз маҷрои каналу заҳбурҳо ва селбурҳо баромада, роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, ки баландии он аз 50 то 70 см-ро ташкил медиҳад. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр […]
БА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ АБАДЗИНДА
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати ҳифзи хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои Аврупо миллати тоҷик дар майдонҳои ҷанг далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст. Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан […]
ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
Ба истиқболи 77 – солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд. Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам Пешвои […]
ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз! Рамазон ҳамчун моҳи муборак, айёми парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ ба ҳисоб рафта, Иди саиди Фитр инъоми Худованд ба ивази ибодату таҳаммулпазирӣ ва аъмоли хайри мусалмонон арзёбӣ мегардад. Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]