Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” корхонаи пахтатозакунии шаҳри Турсунзода – ҶДММ “УТАГАН-К” ҳамарӯза беш аз 30 тонна маҳсулотро коркард менамояд. Имрӯз аз ҷараёни фаъолияти корхона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дидан намуданд. Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки корхона дар баробари тоза ва тойбандӣ намудани пахта, ҳамчунин барои кишоварзон навъҳои гуногуни тухмии […]
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагӣ идома дорад. Дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. […]
Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода аз фаъолияти корхонаи истеҳсолии дорувории «Вежа фарма»-и шаҳри Турсунзода шинос шуд. Муовини Сарвазири мамлакат ва ҳайати кориро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҳамроҳӣ намуд. Боиси қайд аст, ки корхонаи истеҳсоли дорувории «Вежа фарма» соли 2015 сохта, таҳти унвони “Вежа фармасевтикалс” фаъолият […]