-
…Савганд ёд мекунам ва ботантана касам мехурам:
-
… сарбози бошараф, боинтизом, далер ва хушёр бошам, то охири нафас ба халки худ содиқ бошам, нерӯ ва ҳаёти худро дарег надошта, Ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа мекунам…
-
… сирри давлатӣ ва ҳарбиро қатъиян пинҳон медорам…
Имрӯз дар қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он роҳбарияти Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон ва падару модарони сарбозон иштирок намуданд.
Наваскарон барои хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардум ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ савганд ёд намуданд.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии қисми низомӣ бо марши тантанавӣ аз назди роҳбарият ва меҳмонон гузаштанд.
Баъдан волидон бо шарту шароит ва буду боши навсакарон шинос шуда, изҳори шукргузорӣ намуданд, ки дар мамлакат сулҳу осоиш ҳукмрон буда, фарзандонашон дар шароити мусоид хизмати Модар Ватанро иҷро менамоянд.