Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

print

Ба истиқболи  77 – солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллат иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси шаҳр Акрамзда Парвиз Акрам роҳнамоӣ намуд.

Зимни аёдати иштирокчиёни ҶБВ сипосу қадрдонӣ ва маблағи понздаҳ ҳазор сомонӣ мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллатро супорида, Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон афзуд, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Дар ин дидорбинӣ мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳр низ ба собиқадорони ҷанг тақдим гардид.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурда, 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.

Дар ин қатор беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар роҳи муҳофизати Ватан шаҳид шудаанд.

Соли равон 77-солагии иди Зафарро ҳамагӣ 2 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.

4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *