Суханрониҳои раис

РАМАЗОН-МОҲИ ПОКИИ ИМОН ВА ХАЙРУ ЭҲСОН

print

ПАЁМИ ТАБРИКИИ

РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

 

 

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Моҳи мубораки Рамазон бо таҷассуми покии имон, парҳезкориву ибодат,  меҳру  шавқат ва хайру эҳсон ба кишвари биҳиштосои мо қудуми пурбаракат ниҳод.

Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимиятти давлтии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро  шодбошӣ гуфта,  ба хонадони ҳар сокини диёр файзу баракат ва рӯзгори осударо  орзу менамоем.

Моҳи Рамазон ҳамчун айёми муқаддас дорои арзишҳои маънавии бузурги инсонӣ буда,  инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар қалбҳо эҳсоси  меҳрубониву раҳму шафқатро маскан намуда, ботину қалби инсонро пок ва  аз гуфтору рафтори номатлуб дур месозад.

Агар ба ҷо овардани тоату ибодат ва парҳезгорӣ аз аркони муҳими ин моҳи шариф маҳсуб ёбанд, зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон, анҷоми кори савоб,  дасти кумаку ёрмандӣ дароз намудан ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонии ин моҳи муборак арзёбӣ мегардад.

 Аз ин лиҳоз, эътимоди комил дорем, ки соҳибкорону ҷавонмардони эҳсонпешаи шаҳр ҷиҳати дарёфти савоб ва розигии Худованд, инчунин татбиқи сиёсати инсонпарваронаи  муҳтарам Пешврои миллат дар ин моҳи муборак ба ниёзмандон кӯмак ва дасти ёрӣ дароз менамоянд. Ба хароҷотҳои зоҳирпарастона роҳ надода, садақаи фитри худро маҳз ҷиҳати дастгирии ниёзмандон равона месозанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Моҳи  Рамазон соли ҷорӣ ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омада, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар баробари ибодату парҳезкорӣ, инчунин ҳар як рӯзи баҳорро самаранок истифода бурда,  заминҳои  кишоварзиро оқилонаву самараноки истифода намуда, дар таъмини хонадон ва бозори истеъмолӣ саҳмгузорӣ намоем.

Иҷрои корҳои ободониву созандагӣ низ дар замири сокинони шаҳр ҷой гирифта, дар ин моҳ моро мебояд тибқи нақшаи созандаамон дастаҷамъона корҳои ободониро  беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.

Мо меҳнати аҳлонаро ҷиҳати шукуфоии Ватан шиори созанда эълон дошта,  ба халқу давлат бояд содиқона хизмат кунем, дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ саф ороста,  барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони шаҳр тамоми қуваю ирода ва ғайрати худро сафарбар намоем.

Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии ин моҳи муборакро ба ҳамдиёрон табрик гуфта, ба кулли сокинони шаҳр зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *