Нақшаҳо Таҷлил Хабарҳо

ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕДОНЕД?

print
15 – МАРТ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
  • Истеъмолкунанда кист? Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад молро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё онҳоро барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра истифода намояд, аммо на бо мақсади тиҷорат ва анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ. Инчунин барои иҷрои кору хизматрасонӣ бо шахсе шартнома бандад, истеъмолкунанда аст.
Истеъмолкукнанда дорои ҳуқуқҳоест, ки тибқи қонун ҳимоя меша
вад. Вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” 9 декабри соли 2004, № 72 қабул гардидааст.
Кифоя аст, ки моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро шарҳ дод, то ҳуқуқи истеъмолкунанда муайян карда шавад.
Истеъмолкунанда соҳиби чандин ҳуқуқҳо мебошанд, аз ҷумла ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳуқуқ ба маълумот дар бораи мол (кору хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони он, ҳуқуқ ба бехатарии мол; ҳуқуқ ба интихоби озоди мол (кору хизматрасонӣ), ҳуқуқ ба сифати муносиби мол, ҳуқуқ ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кору хизматрасонӣ) расидааст, ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ҳуқуқ ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии худ, ҳуқуқ ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кору хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) аст. Агар бесифатии мол мушрҳида гардад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, онро ба моли дигар иваз намояд, шартномаи хариду фурӯшро бекор кунад, фурӯшанда бошад, нуқсони молро бемузд бартараф кунад. Агар моли харида ба истеъмолкунанда мувофиқат накунад, он гоҳ ӯ ҳуқуқ дорад, дар муҳлати 14 рӯз молро ба мағозаи харидааш баргардонад ва ё ба моли дигари ҳамнарх иваз намояд.
Дар ин сурат фурӯшанда талаботи харидорро чӣ гуна қонеъ мегардонад? Фрӯшанда низ ҳуқуқ дорад. Дар сурати агар истеъмолкунанда молро истифода набурда, борпеч ва тамға (этикетка) – и молро нигоҳ дошта бошад ва аз ҳама муҳимаш чеки назоратиашро ҳам бо худ гирад. Агар фурӯшанда талаботи истеъмолкунандаро қонеъ нагардонад, 1 фоиз аз нархи мол барои 1 рӯз кам мешавад. Бинобар ин, фурӯшандагон ҳам бояд маърифати касбии баланд дошта бошанд ва дар муҳлати 7 рӯзи тақвимӣ талаботи харидор қонеъ гардонида шавад.
Аммо ин масъала ҳамчун доғи рӯз аст. имрӯзҳо нофаҳмиҳои зиёде зимни харидуфурӯш дар бозору нуқтаҳои савдо, марказҳои савдо байни фурӯшандагону харидорон ба мушоҳида мерасанд. Фурӯшандагон барои фурӯхтани моли санаи истеъмолаш ба қарибӣ мегузашта ва ё аллакай гузашта ба тариқи арзонкунии махсус мехоҳанд, молашонро бо нархи арзон фурӯшанд. Харидор бошад, аз арзонии мол хурсанд шуда, ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмолаш нигоҳ накарда, молро мехарад ва дар аксар маврид баъди фаҳмидан худро фиребхӯрда меҳисобад. Бинобар ин, бояд ҳар нафар пеш аз харидани мол ба сифат ва муҳлати истеъмолаш диққати махсус диҳад ва аз дастрас намудани чунин маҳсулот худдорӣ намоянд. Ин омил тақозо менамояд, ки ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” амал намоянд. Фурӯшандагон низ ҳуқуқҳои харидорро хуб донанд, зеро онҳо дар як вақт харидор ҳам ҳастанд. Зеро барои худ маҳсулотро ё аз истеҳсолкунанда ва ё аз бозор харидорӣ менамоянд. Бисёр вақт оид ба ин масъала нофаҳмӣ ба наҳар мерасад. Аз ҷумла баъзе аз фурӯшандагон худро аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон бехабар вонамуд карда, шикояти харидорро ба инобат намегиранд. Онҳо, албатта, бо ин амал ҳуқуқи истеъмолкунандагонро на танҳо маҳдуд, балки поймол менамоянд, яъне нисбати қонун беэътиноӣ менамоянд, ки зимни баррасии судӣ ба зарари худи онҳо ба анҷом мерасад. Аз ин лиҳоз фурӯшандагонро мебояд ҳуқуқи харидорро эътироф ва ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти босифату арзон ва мувофиқ ба талаботи истеъмолгарро ворид намоянд ва бешубҳа дар ин ҳолат нофаҳмӣ ва бозпасгардонии мол низ кам хоҳад шуд.
Барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя гардидани қонун ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дармақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода маркази машваратӣ, таъсис гардида, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт фаъолият менамояд.
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, сохторҳои марбута барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҳимоя кардани ин ҳуқуқҳо аз тамоми имконот самаранок истифода менамоянд, аммо аз истеъмолкунандагон низ маърифати ҳуқуқиро талаб менамояд. Ҳарчанд барои риоя накардани қонун нисбати қонуншиканҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, вале бо роҳи иҷро қонун ва маърифати баланди ҳуқуқӣ таъмини иҷрои он беҳтар аст.
Посмотреть статистику
Fotima Boeva и ещё 2

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *