Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода имрӯз ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид.
Дар ибтидо фаъолияти Комиссия дар масоили иваз намудани ному насаби ноболиғон, ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакон ва дигар масоили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон мавриди шарҳ қарор гирифт . Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар меҳвари баррасии масоил қарор дода шуд, масъалаи пешгирии насли наврас аз оворагардиву дур аз мактаб мондан, ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни насли наврас буд.
Комиссия қарор қабул намуд, ки дар ҳама самтҳо, хусусан бурдани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарбияи насли ояндасоз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту вохӯриҳо дар дшаҳр вусъат дода шавад.
Комментировать
Поделиться