Имрӯз ба истиқболи Рӯзи модар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои кормандони шуъбаи манзилию комммуналӣ ва хоҷагидорӣ, инчунин муассисаи манзилию коммуналӣ чорабинии идона ташкил намуд.
Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам занону бонувони соҳаро ба муносибати иди баҳору зебоӣ-Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз натиҷаи меҳнати софдилонаи занону бонувони соҳа аст, ки шаҳр доимо тозаву озода ва гулгаштҳо тару шукуфон аст.
Туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи идомаро зам намуд.
и