Модарону хоҳарони муҳтарам!
Фарзандони азиз ва ҳамдиёрони гиромӣ!
Баҳори гулрезу хуррам ба Тоҷикистони биҳиштосои мо қадами хуҷаста ниҳода, ин айёми сарсабзиҳо тамоми накҳати худро ба истиқболи Рӯзи Модар пойандоз гардонидааст.
Боиси шукргузориву ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди мамлакат зери осмони мусаффо ва рӯзгори тинҷу осуда Рӯзи Модарро ҷашн мегиранд.
Аз ин лиҳоз, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Модар тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона муборакбод гуфта, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Модар таровату ҳусни нотакрори зиндагӣ, ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор, мунису меҳрубон ва ҳаётбахши инсон ба ҳисоб рафта, бо самимияти беандоза ба фарзанд сухан гуфтану роҳ рафтанро меомӯзад ва ҳаёти худро барои тарбияи фарзанд эҳдо намуда, дар қалби ӯ эҳсоси муҳаббату самимият, эҳсону накӯкорӣ, инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба халқу Ватанро тарбия карда, барои соҳибмаърифат ва соҳибкасб гардидани ҷигарбанди хеш саъю талош меварзад.
Яъне, Модар сарчашмаи ташаккули маънавии фарзанд арзёбӣ гардида, ҳаёти худро ба тарбияву камолоти ӯ бахшида, ҳамеша дар орзуи саодату комёбии ҷигарбандаш зиндагӣ менамояд. Муҳаббати Модар нисбати фарзанд беинтиҳо буда, барояш ӯ маъниву маъвои ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Модар барои ҳар як шахс азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад.
Маҳз фазилату заҳматҳои бузург ва матонату садоқати Модар аст, ки аз ҷониби фарзандон бо меҳру муҳаббати беинтиҳо мавриди ситоишу навозишҳо қарор дорад. Маҳз Модар офарандаву тарбиятгари тамоми бузургону фарзонаҳои олам буда, ҳар қадаре, ки хизмати ӯро ба ҷо наоварем, якшаба ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Дар масири таърихи халқамон модари тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба камол расонида, ба хизмати халқу ҷомеаи инсонӣ ҳидоят намудааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар модарони созандаи мо дар баробари тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту сулҳпарвар ҷиҳати рушду пешрафти Ватан собитқадамона меҳнати пуршараф намуда, бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созанда Ватани азизамонро обод ва мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро дар арсаи ҷаҳонӣ торафт баланд бардошта истодаанд.
Азму талошҳои созандаи модарону хоҳаронро баланд арзёбӣ намуда, муҳтарам Пешвои миллат мефармоянд, ки “Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.
Модаророну хоҳарони гиромиқадр!
Боиси ифтихори ҳар як мост, ки дар баробари тамоми модарону бонувони мамлакат модарону хоҳарони шаҳри Турсунзода низ ҳамзамон бо тарбияи насли ояндасоз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат намуда, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Боварии комил дорем, ки модарону бонувони азизи мо ҷиҳати шукуфоии Ватани азизамон минбаъд низ бо камоли масъулият рисолат ва саъю талоши созандаро идома медиҳанд.
Дар кишвари мо Рӯзи Модар ҳамасола бо фарорасии фасли баҳори хуррам ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллӣ – Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардида, боиси ифтихор аст, ки занону модарон ва духтарону хоҳарони мо ба ойину анъанаҳо ва арзишҳои неки миллӣ арҷ гузошта, бо тозагии хонаву дар ва деҳи худ ин ҷашни хуҷастапайро пешвоз мегиранд.
Мо эътимод дорем, ки шумо – модарону бонувони азиз ҳамчун офарандагони зиндагиву зебоӣ ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модарона идома медиҳед.
Бо ибрози умеду орзуҳои нек шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи Модар табрику муборакбодӣ намуда, тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.
Ҷашн муборак, модарону бонувони азиз!