МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли кормандони шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисорро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табрику муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, муваффақиятҳои беназирро таманно дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии коррупсия ба ҳисоб рафта, кормандони Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ватан ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳои молиявӣ ва устувор гардонидани пояҳои сиёсати иқтисодии мамлакат саҳми назарраси худро гузоштанд.
Кормандони Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдор зимни фаъолияти босамар молу мулки давлатиро ҳифзу назорат намуда, ҷиҳати риояи қатъии интизоми молиявӣ, истифодаи мақсадноки маблаѓ ва таҳкиму инкишоф бахшидани пояҳои иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, ки омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум арзёбӣ мегардад.
Бо самимияти беандоза мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бори дигар кормандони шуъбаи минтақавии Агентиро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният намуда, ҷиҳати татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва иҷрои вазифаҳои масъулиятнок ба Шумо сарбаландӣ, фатҳу иқбол ва бахту саодати рӯзгорро таманно дорем.