Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ШАРҲИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

print
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам вохӯрии интихобкунандагон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, Баротзода Файзулло, Раҳматзода Рустам ва Маҳмудзода Музаффар доир гардид.
Дар ибтидо вакили мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа паёми Президенти кишварро мавриди шарҳ қарор дода, иброз дошт, ки Паёми сарвари давлат дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин барнома ва консепсияи мукамалест, ки омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Дар идома вакил Раҳматзода Рустам ҷанбаҳои иқтисодии паёмро мавриди шарҳ қарор да, иброз дошт, ки дар паёми имсолаи Президенти кишвар иқтисодиёт яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта вобаста ба он мисолҳои мушаххас оварда шудаст. Аз ҷумла, агар соли 2000 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,8 миллиард сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ин нишондод ба 28 миллиард сомонӣ расид. Бо дарназардошти он ки 10 соли аввали даврони соњибистиќлолї бо низоъҳои дохилӣ гузаштааст, ин нишондиҳанда далели рушди бемайлони иқтисоди кишвар арзёбӣ гардида, дастоварди бесобиқа аст. Агар иқтисоди Тоҷикистонро, ки рушди он ба ҳисоби миёна ҳар сол 7,5 % таъмин гардидааст, бо иқтисодиёти давлатҳои ИДМ қиёс намоем, пас Тоҷикистон давлати дар ҳолати рушд қарордошта муаррифӣ мегардад, зеро ин нишондод дар миқёси давлатои ИДМ аз ҳама нишондоди баланд ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон Раҳматзода Рустам афзуд, ки аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 як такону таҳрики бузурге дар пешрафти иқтисодии кишварамон хоҳад буд.
Вакил Баротзода Файзулло таваҷҷуҳи Сарвари давлатро ба соҳаи маориф мавриди тавзеҳ қарор дода, нуқтаҳои муҳими паёмро вобаста ба соҳаи маориф шарҳ дод. Таъкид шуд, ки диққати ҷиддӣ ва пурра таҳти назорат гирифтани соҳаи илм ва маориф яке аз ҳадафҳои асосии кишвар ба шумор меравад. Чунки пешрафту тараққиёт ва пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёт аз кадрҳои тахассуснок ва ихтисосманд вобаста аст. Беэътиноӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим омили заиф гардидани соҳаҳои дигар, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра ба ҳисоб рафта,
аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасоз дастуру супоришҳои паёми Роҳбари кишвар ҳамчун сармашқи кор қарор дода шавад.
Вакил Маҳмудзода Файзулло нуктаҳои паёмро дар самти кишоварзӣ мавриди тавзеҳ қарор дода, аз ғамхории роҳбарияти олии кишвар нисбати тақсимоти замин ба аҳолӣ ёдовар гардид. Таъкид гардид, ки тақсими заминҳои президентӣ дар шароити ниҳоят душвори буҳрони иқтисодӣ (солҳои 1992 – 1998) як омили муҳиму устуворе дар роҳи пешгирӣ ва рафъи гуруснагӣ буд.
Тавре дар Паём зикр гардид, танҳо дар бист соли ахир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар замини обӣ ва 86 ҳазор гектар заминҳои дигар, ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардид. Ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин давра 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ ба шароити беҳтари истиқоматӣ ноил гардидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳафтод соли даврони Шуравӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин барои манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст.
Дар фарҷом раиси шаҳр Акрамзода П.А. ба вакилон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паём ибрози сипос намуда, изҳор дошт, ки паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дстурамали ҳадафҳои созанда буда, роҳнамои беназирест сӯйи музаффариятҳои нав ба нав ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ҷиҳати табиқи дастурҳои аз паём баромада сайъу кӯшиш намуда, барои фардои гулафшони Ватан меҳнати софдилонаро идома медиҳанд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *