Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ПАЁМ ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГӢ – ИҶРОИ ОН ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

print
Зимни шарҳи пёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло бо интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт, “ПАЁМ ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГӢ ВА ИҶРОИ ОН ОМИЛИ ПЕШРАВӢ”-арзёбӣ гардид.
Баротзода Файзулло изҳор дошт, ки дар паём Президенти кишвар таҳлилҳои саҳеҳ ва асоснокро пешниҳод намуда, нишондиҳандаҳоро дар самти иқтисодию иҷтимоӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат таҳлил намуда, ҳамаи дастовардҳоро маҳсули меҳнати содиқонаву софдилонаи ҳар як шаҳрванди заҳматкаши Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобиданд.
Паёми ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ гардида, иҷрои он омили пешравии тамоми самтҳои хоҷагии халқ мебошад.
Вакил зимни тавзеҳи паём ба масъалаи тарбияи насли ҷавон, рушди маориф ва ба илму дониш ҷалб намудани насли ояндасозро масъалаи муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат буда, волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро мебояд ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Ҷавононро чунон бояд тарбия намуд, ки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар саҳмгузорӣ намоянд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоилест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар фарди солими ҷомеа аст, ки дар мубориза бо ин амалҳои номатлуб фаъол буда, ҷавононро чунон бояд тарюия намуд, ки дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *