Суханрониҳои раис Таҷлил

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ба истиқбои Соли нави 2022

print

Ҳамдиёрони азиз,

Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшнопазир – соли авҷи корҳои созанда ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи Ватан сабт гардида, кишвари азизи мо ба соли 2022, ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид мегардад.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро табрику муборакбод намуда, саломативу рӯзгори обод ва комрониву муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор аст, ки соли 2021 дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷашни барои ҳар як фарди мамлакат бузургу муқаддас – сисолагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо дастовардҳои шоиста ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлили намудем.
Соли 2021 барои сокинони шаҳри Турсунзода хусусан, барои он хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки дар арафаи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри мо доир гардида, дар доираи ин сафар ва қадамҳои фйзбори Сарвари давлат як қатор иншооти саноатию иҷтимоӣ, аз ҷумла: корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ ҶДММ “Алюмин Проф”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ҶДММ “Сардор 2008”, Литсей-интернати шаҳрӣ, Мактаби бачагонаи санъат, Боғи фарҳангу фароғати шаҳр, амфитеатр ва гармхонаи муосир барои парвариши сабзавоти барвақтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷониби Сарвари давлат барои меҳнати пурсамар ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба кулли мардуми шаҳр изҳори сипос баён гардида, барои афзун ва бо сифат истеҳсол намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Боиси сарфарозии ҳар як сокини шаҳр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 382 иншооти гуногунҷанба ба нақшаи гирифта шуда, 427 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Давоми соли 2021 бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ва меҳнати пурсамари сокинон беш аз 170 иншооти муҳими хочагии халқ ба истифода дода шуда, садҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид.
Дар соли 2022 низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, пешрафту шукуфоии Ватани азиз, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда азму тадбирҳои зарурӣ андешида, эътимоди комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода содиқонаву софдилона заҳмат кашида, тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони диёр ва пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон сафарбар менамоянд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар сокинони сарбаланду қавиирода ва меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати фаро расидани соли нави мелодии 2022 сидқан табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрон рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоем.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Посмотреть статистику
Охват публикации: 56
Лоик Шерали, Бехзод Чураев и ещё 3
Комментарии: 3
Поделились: 13

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *