

Баъд аз интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия, ки фарогири 19 масъала буд, рӯзномаи иҷлосия мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси шаҳр «Дар бораи иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти коммуналӣ» шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи нӯҳум лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода барои нимсолаи якуми соли 2022» тасдиқ гардид.

Баррасии лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи якуми соли 2022» аз масъалаи даҳуми рӯзнома буд, ки вакилон нақшаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми рӯзнома дар асоси ариза ва бо сабаби иваз намудани ҷойи зист ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Шаҳраки дуюм» №7 Ғафурова Рухсора Музафаровна қатъ гардида, интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати шашум ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи холишудаи интихоботи «Шаҳраки дуюм» №7 – 27 марти соли 2021, рӯзи якшанбе таъин шуд. Ҳамчунин Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати шашум ба ивази вакили хориҷшуда тасдиқ гардид.
Зимни баррасии масъалаи понздаҳуми рӯзнома бо назардошти аз соли 2005 фаъолият намудани Комиссияи номгузории назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ва иваз гардидани номи аксарияти сохторҳо Комиссияи номгузории мазкур дар ҳайати нав шуд.
Дар ҷараёни барраси масъалаи шонздаҳум ва ҳабдаҳуми рӯзнома аз ҷониби вакилон фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2021, №185-РМ дар бораи аз мансаби сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода озод намудани Раҳмонов Фариддун Очилдиевич ва тибқи фармоиши сардори Хадамоти мазкур аз 24 декабри соли 2021, №189-ҲК ба ин мансаб таъин намудани Одиназода Аҳлиддин Аҳтам дастгирӣ ёфт.
Зимни баррасии масъалаи ҳаждаҳуми рӯзнома нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои даҳум ва ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд аз масъалаи нуздаҳуми рӯзнома маҳсуб ёфта, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Дар охир барои фаъолияти босамар дар соли 2021 ва иштироки фаъолона ҷиҳати иҷрои нақшаи созандагиву бунёдкориҳо дар ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳр изҳори сипос баён намуда, вакилонро барои минбаъд низ анҷом додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагии шаҳр даъват намуд.