Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАХТАОБОД

print
Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд.
Сокинони маҳал барои ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳо лалмӣ ва бекорхобида барои бунёди боғ, баргузории соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмири пул, расонидани кӯмаки љиҳати ройгон гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷудо намудани нақлиёт барои интиқоли партов ва дигар масъалаҳои ҳаёти деҳот ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Дар ин замина раиси шаҳр ба масъулин вобаста ба сари вақт мавриди баррасӣ қарор додани арзу дархости шаҳрвандон супориш дода, таъкид намуданд, ки муроҷиатҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шаванд.
Баъдан бо раисони кумитаи маҳал суҳбат доир гардида, раиси шаҳр барои корҳои созанда ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳот изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва масъалаҳо вобаста ба тарбияи ҷавонону наврасон дар андӯхтани дониш, касбу ҳунар ва баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифтротӣ, ҷалби насли наврас ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ суҳбат ороста шуд.
Поделиться

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *