Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони касбу кори гуногун, хоса кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаю муассисаҳои соҳаи маориф, тандурсутӣ, фарҳанг ва ташкилоту идораҳои хизматрасонӣ, дар маҷмуъ кулли аҳолии шаҳри Турсунзода тамошо намуда, онро дастурамал ва роҳнамою роҳкушо дар пешбурди фаъолияту зиндагӣ ҳисобиданд.
Аз баланд гардидани маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои буҷҷетӣ, стипендияю нафақа ҳар як сокини шаҳри Турсунзода болидаруҳ гардида, иброз медорад, ки ин иқдом аз ҷониби Сарвари давлат ҳамасола роҳандозӣ мегардад, ки дар боло рафтани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Барои тамошои Паём дар макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, зиёда аз 140 муассисаи таълимӣ, панҷ коллеҷ, беш аз 40 корхонаи саноатӣ, ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоид ташкил гардида, дар боѓу гулгаштҳо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии серодам радио ва баландгӯякҳо насб гардид, ки бо ин восита низ мардум ироаи Паёмро аз тарафи Президенти мамлакат пурра шуниданд.
Эроду пешниҳодҳои Президенти мамлакатро ҳар як сокини шаҳр саривақтӣ дониста, бартараф намудани онро муҳим мешуморад.
Шаҳри Турсунзода, ки шаҳри саноатӣ мебошад, сокинонаш, аз ҷумла соҳибкорони шаҳр эълон шудани панҷсолаи “Солҳои рушди саноат”-ро ба хушнудӣ пазируфтанд. Гуфта шуд, ки дар ин давра дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Турсунзода низ коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ифтитоҳ гардида, ҳаҷми истеҳсолот зиёд, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Ҳар як соҳибкори шаҳри саноатии мо иброз медорад, ки дар татбиқи ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат дар самти таъсиси беш аз 200 ҳазор ҷои нави корӣ дар соҳаи саноат, албатта бо бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми худро мегузорад.
Аз пешниҳоду дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ кишоварзон, аз ҷумла боѓу токпарварони соҳибтаҷрибаи Турсунзода ҳам илҳоми тоза гирифта, изҳор доштанд, ки дар ҷорӣ намудани усулҳои нав дар соҳа талош меварзанд ва барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ва воридотивазкунанда тадбирҳои нав ба навро рӯи кор мегиранд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кулли сокинони шаҳри Турсунзода ҳамчун дастурамали корӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияту зиндагӣ барои татбиқи минбаъда дар амал қабул гардид.