Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия ва давраи зимистонгузаронӣ аз муассисаи таълимии №56 дидан намуданд.
Раиси шаҳрзимни суҳбат иброз намуданд, ки ҷавонон насли ояндасозу маориф таҳкимбохши пояҳои давлатдорист, аз ин лиҳоз, хусусан аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки хубу аъло хонда, дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзанд. Дар оянда касбу ҳунар омӯхта, ба Модар – Ватан хизмати содиқона намоянд.
Ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки дар баробари таълиму тарбияи насли ояндасоз дар муассисаҳои таълимӣ ба тозагиву ободӣ ва давраи зимистонгузаронӣ мароқи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин раиси шаҳр аз рафти кори сохтмони толори варзишии назди муассисаи мазкур, ки муддати чанд вақти охир ба таъхир афтода буд, дидан намуданд. Фаъолони деҳа изҳор доштанд, ки дар ҳамдастӣ давоми як соли оянда омодаанд, ки сохтмони толорро ба итмом расонида, ба дӯстдорони варзиш тақдим намоянд.
Посмотреть статистику
Охват публикации: 210
Вы, Бону Абдуллаева, Макнуна Мухторова и ещё 16