Имрӯз дар деҳаи Шодмони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд.
Сокинони маҳал мусоидати раиси шаҳрро барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ, таъмини сутунпояҳо барои хатти нерӯи барқ, баргузории соҳилмустаҳкамкунӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаи ниёзманд ва дигар масъалаҳои ҳаёти деҳот муроҷиат намуданд.
Баъдан раиси шаҳр бо фаъолон ва раисони куматаи маҳал суҳбат намуда, барои корҳои созанда ҷиҳати рушди маҳал ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони маҳал изҳори сипос намуданд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан, ҷалби онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин дар масоили ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ ва идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ суҳбати озод ороста шуд.