Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам. ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

print
Ҳамдиёрони азиз,
Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ ҷашни яке аз рамзҳои муқаддаси милливу давлатӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.
Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлол, давлатдорӣ, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи ояндаи дурахшон ва зиндагии пурсаодат мебошад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод менамоем.
Ҳамдиёрони азиз,
Парчами давлатӣ нишони муқаддас, рамзи ҳувият, ифтихору нанг ва шарафи мамлакат арзёбӣ гардида, мавқеи сиёсӣ ва таърихиву фарҳангии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
Парчам ва оини парчамдории миллати тоҷик дорои таърихи ҳазорсола буда, тӯли асрҳо ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро муттаҳид ва ба муборизаҳои озодихоҳона ҳидоят намуда, ҷиҳати расидан ба озодиву истиқлол нерӯву тавони тоза бахшидааст.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат Парчами давлатии миллати тамаддунофари мо бо симову ҷилои нав партавфишон гардид, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, рамзи озодиву Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувият ва ифтихори миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангдӯсти мо арзёбӣ мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсози мо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ афрохта шуда, ифодагари соҳибихтиёрии давлат ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, нишонаи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамватанони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамдиёрони азиз,
Бо дарназардошти он, ки Парчам ҳидоятгари истиқлолу озодихоҳӣ ва илҳомбахши эҳсоси ватанпарварии ҳар фарди миллат маҳсуб меёбад, ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ливои миллии мо дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки яке аз баландтарин пояҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифтихори ҳар як фарди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Боиси сарфарозист, ки ин рамзи муқаддас дар шаҳри Турсунзода низ қомат афрохта, майдон ва гулгашти Парчами давлатӣ ба майдони ифтихори ватандорӣ, илҳомбахши музаффариятҳои нави меҳнатӣ ва мавзеи саёҳату фароғати сокини шаҳр табдил гардидааст.
Ҳамдиёрони азиз,
Ҳамчун омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ маҳз Парчами давлатӣ ҳар фарди соҳибватан, хусусан насли ҷавонро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи Истиқлолияту дастовардҳои он, арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон ҳидоят менамояд.
Дар ин хусус муҳтарам Пешвои миллат иброз намудаанд, ки “Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.
Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.
Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ – ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем”.
Ҳамдиёрони азиз,
Эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода боварии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакатро сазовор гардида, дар баробари дигар сокинони кишвар зери Парчами давлатӣ барои ободии Ватани азиз меҳнати софдилонаро содиқона идома дода, минбаъд низ ҷавонони мо бо афрохтани Парчами миллӣ шарафу ифтихори Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардоранд.
Боварӣ дорем, ки маҳз зери парафшонии ин рамзи муқаддас сокини шаҳр дастовардҳои меҳнатиро афзун намуда, ба гӯшаи ободу пешрафтаи мамлакат табдил додани шаҳри азизамон саъю талоши худро афзун ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми муассир мегузоранд.
Бо ибрози ниятҳои нек Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳар як сокини шаҳрамон муборакбод намуда, иқболу саодат ва рӯзгори осударо таманно дорем.
Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ҳамчун рамзи сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон дар фазои Тоҷикистон то абад парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *