Мадумаров Зикриё яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва аъзои хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ният намуд, ки ба ивази сафар ба ҳаҷ барои халқу Ватан хизмате карда бошад. Бо ин нияти нек оғози соли ҷорӣ дар яке аз деҳаҳои дурдаст-деҳаи Адири Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ба бунёди маркази саломатии деҳавӣ оғоз намуд.
Маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокинони деҳа пешбинӣ шудааст. Имрӯз, ба истиқболи 29-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи муассисаи тиббӣ иштирок намуда, ба Мадумаров Зикриё ҷиҳати татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.