Суханрониҳои раис Таҷлил

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон

print

  Ҳамдиёрони азиз,

Дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, рӯйдодҳои муҳими таърихии кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш ҷашн гирифта мешаванд. Ин санаи пурифтихор яке аз саҳифаҳои заррини Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику таҳният гуфта, комёбиҳои беназирро таманно менамоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо ба гирдоби муноқишаҳои мудҳиши сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида, маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор шуд, барои пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ, сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим гузошта, ба марҳилаи наву созандаи давлатдории тоҷикон заминаи боэътимод гузошт. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки дар марҳалаи муҳими сиёсӣ шахсияти бузурги миллатро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард, ки ӯ ҳамчун наҷотбахши давлат, ҳидоятгари миллат ва эҳёбахши фарҳангу суннатҳои миллӣ мардумро ба ҳамдиливу ояндаи дурахшон равона намуд. Баъд аз қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994  ба вуқуъ пайваст,  16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Маҳз аз ин рӯз тибқи муқаррароти Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон таърихи идоракунии сохти президентӣ  дар мамлакат сарчашма гирифт. Барои  таъмини сулҳу ваҳдат, рушду пешрафти мамлакат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд.

Ҳамдиёрони  азиз,

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихие вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлат нақши абадӣ гузоштаанд. Ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳониён эътироф намудаанд. Аз ин лиҳоз, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи эътибору садоқат ба Президент таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои ин шахсияти беназир дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.  Аз ин ҷост, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардуми мо бо муҳаббат ва самимияти хоса ҷашн гирифта мешавад, зеро халқ ба Президенти мамлакат – ҳамчун Пешвои миллат, эътимод дошта, ҳар фарди мамлакатро ба меҳнати софдилона ва содиқона баҳри фардои дурахшони Ватан ҳидоят менамояд.   Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки сокинони шаҳри Турсунзода дар партави сиёсати созандаи муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳр меҳнати пурсамар намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд.

Ҳамдиёрони гиромӣ, Бо ибрози ниятҳои нек таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба ҳамдиёрон муборакбод гуфта, ҷиҳати татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва фардои дурахшони Ватан сарбаландиву мувафаққаятҳои беназирро таманно менамоем.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *