Таҷлил

МИЛИТСИЯ- СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

print
ТАБРИКОТИ
раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи милитсия
Муҳтарам кормандон, собиқадорон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Боиси ифтихору шукргузорӣ аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи милитсияи тоҷик дар фазои осоишта ва сулҳу амнияти кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Турсунзода табрику муборакбод гуфта, саломатӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.
Дар масири фаъолияти худ милитсияи тоҷик вазифаи мураккабу муҳими давлатиро иҷро намуда, имрӯзҳо низ хизмати арзандаро сарбаландона идома дода истодааст.
Дар ибтидои бунёди давлати соҳибистиқлоли мо, ки давраи вазнини таърихӣ ба ҳисоб меравад, кормандони милитсияи тоҷик рисолати касбиро бошарафона иҷро намуда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Дар ин давра садҳо ҷавонмардони мақомоти милитсия баҳри Ватан ҷони худро фидо намуданд, ки дар саҳифаи таърих ва дили халқ шуҷоату пайкори онҳо ҷовидонӣ маскан гирифтааст.
Ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода низ рисолати касбии милитсияро софдилона ва сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ба нишондиҳандаҳои мусбӣ муяссар гардидаанд.
Муҳтарам Пешвои миллат ба касбият, малакаи дониш ва кори ходимони мақомоти корҳои дохилӣ баҳои арзанда дода, таъкид намудаанд:
«Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдониву садоқат ва ватандӯстиву меҳанпарастии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бовар дорам ва эътимод дорам, ки шумо, минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлат ва халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед. Манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкардаатон содиқ мемонед ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшед.
Дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед”.
Дар арафаи рӯзи ҷашни касбӣ барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳр, ки бо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос менамоем.
Эътимоди комил дорем, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар ба муносибати иди касбӣ -Рӯзи милитсияи тоҷик тамоми собиқадорону кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар шаҳри Турсунзода табрику муборакбод намуда, дар татбиқи пайкори бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат, иҷрои вазифаи душвор, пуршарафу пурмасъулият муваффақиятҳои беназирро таманно дорем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *