Имрӯз дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги иҷрои сариваќтии наќшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти чумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” баргузор шуд.
Муовини якуми раиси шањр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ба гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур дар шаҳри Турсунзода маълумот манзур намуда, изҳор дошт, ки иҷрои бандҳои Нақша дар шаҳр давра ба давра амалӣ гардида истодаанд.
Дар идома гурӯҳи корӣ аз рафти иҷрои Нақша дар корхонаву ташкилоти шаҳр шинос шуданд.