Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (даъвати шашум)

print
Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва намояндагони ВАО-и маҳллӣ иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор шуд.
Иҷлосия 6 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз рӯи масъалаи якум доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Одиназода Аҳлиддин Аҳтам ҳисобот манзур намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар Ибрагимова Мавзуна баромад намуда, фаъолияти комиссияро дар 9 моҳи соли ҷорӣ мавриди тавзеҳ қарор дод.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба одоби вакилон Ҳабибуллозода Нурулло Ҳабибулло баромад намуда, доир ба фаъолияти Комиссия ҳисобот дод.
Зимни баррасии масъалаи чоруми рӯзнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакилон тағйир додани номи баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Турсунзодаро ҷонибдорӣ намуданд.
Қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои нуҳум ва даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд, зимни баррасии масъалаи панҷуми рӯзнома тасдиқ гардиданд.
Масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия номгузорӣ намудани МТМУ №49 ба номи Шукуралӣ Нурматовро дар бар гирифта, вакилон пешниҳоди мазкурро баррасӣ ва якдилона қабул намуданд.
Доир ба масоили баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
и ещё 4
Посмотреть статистику
Jamila Huseinova, Шахзода Каюмова и ещё 9

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *