Хабарҳо

ШОМИ “МЕГАФОН” ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии фаъолияти ширкати мобилии “Мегафон” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ширкати “Мегафон” дар шаҳри Турсунзода чорабинии идона баргузор шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Ф сокинони шаҳрро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, изҳор дошт, ки дар баробари […]

Кишоварзӣ

ТИЛЛОИ САФЕД – БА ХИРМАНИ ВАТАН

Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту кори пахта, сабзавот ва боғу токпарварӣ мусоид буда, деҳқонони шаҳр мекӯшанд дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Аз ин ҷост, ки кишоварзони мо дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар шуҳратманд гардидаанд. Соли равон дар натиҷаи заҳмати марди деҳқон ва риояи талаботи агротехникӣ дар майдони пахтазор ҳосил фаровон аст. […]

Кишоварзӣ

АЙЁМИ ШОЛИДАРАВ ДАР АВҶ АСТ

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб доранд. Имрӯзҳо ҷиҳати ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон дар саҳро кор авҷи тоза гирифтааст. Хусусан, кишоварзони шаҳр кӯшиш ба харҷ дод истодаанд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид айёми шолидаравро ба анҷом расонида, ба хирмани Ватан ҳосили фаровон ва ба бозори истеъмолӣ биринҷи хушсифатро ворид намоянд. […]

Тандурустӣ

МАҚСАД- САТҲИ БАЛАНДИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

Имрӯз муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия аз Беморхонаи №2 шаҳрӣ дидан намуда, вобаста ба хизматрасонии тиббӣ бо кормандони соҳа, муроҷиаткунандагон ва беморон суҳбат орост. Ҳамчунин вазъи санитарию гигиении утоқҳои кории табибон, утоқҳои хизматрасонии тиббӣ, захираи доруворӣ, ҳолати ободонӣ ва омодагӣ ба давраи зимистонгузаронии беморхона мавриди санҷиш қарор гирифт. Зимни суҳбат бо ҳайати кормандони соҳа […]

Нақшаҳо

ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Имрӯз дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги иҷрои сариваќтии наќшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти чумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”  баргузор шуд.           Муовини […]

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (даъвати шашум)

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва намояндагони ВАО-и маҳллӣ иҷлосияи даҳуми […]

Кишоварзӣ

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар мавсими имсола дар майдони 1024 га кишти пунбадонаро ба роҳ монданд, ки асосан навъи “Флеш”-ро дар бар мегирад. Хоҷагидорони кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Самир”  ҷамъоварии “тиллои сафед”-ро бо маром идома дода истодаанд.   Тибқи маълумоти раиси хоҷагӣ Холов Шавқат соли равон хоҷагидорон дар майдони 170 гектар пунбадона кишт намуданд, ки айни замон дар саҳро […]

Нақлиёт

ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲР

Корҳои созанда дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо маром идома доранд. Хусусан, дар самти таъмири роҳҳо соли ҷорӣ натиҷаҳо назаррасанд Давоми сол дар 38.06 км роҳ таъмири асосӣ ва дар 23.7 км роҳ таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шуд,ки ҷиҳати рушди деҳот ва ободии […]