Дар баробари ҷонфидоиву қаҳрамониҳо барои озод намудани ҷаҳон аз зулми фашизм дар сангарҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ халқи тоҷик, инчунин барои таъмини ғалаба дар ақибгоҳ низ заҳмати бемисл кашидааст. Ақибгоҳи фронт низ майдони набард, майдони заҳмати сангинро мемонд, ки дар он модарону кўдакон ва пирон заҳмати пурмашаққат кашида, гуруснаву нимбараҳна тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири […]
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид. Дар кори он муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи […]