Хабарҳо

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

print
ДУШАНБЕ, 04.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.

94 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, дар минтақаи «Шоҳон»-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» марзи давлатиро гузаштанд ва вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Сарҳадбонони тоҷик бо зоҳир кардани ҳусни башардӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоядорӣ ба низомиёни неруҳои давлатии Афғонистон иҷозат доданд, ки ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд.
Бо назардошти вазъи мураккаби минтақаи зикргардидаи сарҳади давлатӣ эҳтимолияти идома ёфтани убури низомиёни ҶИА ба ҳудуди Тоҷикистон ҷой дорад.

Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *