Фаъолияти намояндагон

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ IX МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

print
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) таҳти раёсати Акрамзода Парвиз Акрам, иштироки муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни иҷлосия 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии масъалаи якум ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иттилоотӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода Фахрия шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, заминсозӣ, озуқа, беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист Абдуллозода Баҳодур Абдулло маълумот пешниҳод намуд.
Рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 30 июни соли 2018, №182 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимини баррасии масъалаи сеюми рӯзнома маврди баррасӣ қарор гирифт, ки дар ин хусус раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои рушди саноат, сохтмон, меъморӣ, энергетика, алоқа, хоҷагии роҳ ва хизматрасонии коммуналӣ Остоназода Сайдамин Ҳазрат ҳисобот манзур намуд.
Зимни баррасии масъалаи чорум ва панҷуми рӯзнома Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ва Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2021 тасдиқ гардид.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода Азимова Саноъат Муроталиевна лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзодаро «Дар бораи муайян намудани меъёри хадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Турсунзода» мавриди шарҳ қарор дод.
Вакилон зимни баррасии масъалаи ҳафтуми рӯзнома ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25 ва №37 гузоштани номи Солиев Абдуҳалим ва Ѓафурзода Некрӯзи Набиро тасдиқ намуданд.
Ворид намудани таѓйирот ба Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи дуюми соли 2021 зимни муҳокимаи масъалаи ҳаштуми рӯзнома баррасӣ шуд.
Таъсиси Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳҳои мавсимӣ дар хоҷагиҳои чорводории худуди шаҳри Турсунзода зимни баррраси масъалаи нуҳуми рӯзномаи иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаи даҳуми рӯзнома қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои ҳаштум ва нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд, тасдиқ шуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор ба тавсиб расид.

 

Поделиться

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *