Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ БУЗУРГ

print
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ дар баробари инкишоф додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ташкилотҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ аъзои якчанд созмони бонуфуз гардид.

 

Пас аз узвият ба ташкилотҳои байналмилалӣ, алалхусус СММ барои кишварамон имкон фароҳам омад, то дар ҳалли проблеммаҳои ҷаҳонӣ ҳамовоз бошаду дар пешгирии ҳар гуна мушкилиҳо саҳмгузор. Яке аз сарчашмаҳое, ки ҳастии инсонро таъмин менамояду имрӯз ба он эҳтиёҷи сокинони сайёра бештар аст, оби ошомиданӣ мебошад. Имрӯз дар баъзе аз давлатҳои рӯи олам масъалаи норасоии оби тоза ба мушкилии дараҷаи аввал табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир масъалаҳое пешорӯи аҳли башар истодааст, ки бартараф намудани он ҳамоҳангии кулли кишварҳои дунёро тақозо менамояд. Кишвари азизи мо яке аз давлатҳои кӯҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Зимнан, мушкилоти таъминоти об танҳо проблеммаи минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бино ба маълумотҳо бар асари гармшавии иқлим дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40% – и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид.

 

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудааст. Пешвои миллат ташаббускори тамоми қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ аст. Аз ҷумла, “Соли байналмилалии оби тоза” эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шудани солҳои 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

 

Ба гуфти коршиносони соҳа пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин пешниҳод кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам хубтару беҳтар муаррифӣ кард. Тоҷикистон ба туфайли сиёсати дарҳои кушод тавонист, дар арсаи байналмилал мавқеашро муайян кунад. Яъне аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф шудани Тоҷикистон бесабаб нест, чунки Тоҷикистон ба сифати як кишвари аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой ба ҳисоб меравад.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси як кишвари пешниҳодкунандаи чунин ташаббусҳои бузург, аз ҷумла ташаббуси охирини Ҳукумати ҷумҳурӣ Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” яке аз роҳҳои воқеан ҳам дар татбиқи амалии барномаҳои пеш аз ин қабулшуда мебошад. Пешниҳоди навбатӣ дар ҳақиқат саривақтист. Дар ҷодаи мусоидат ва татбиқи фарогирии даҳсолаи мазкур ва пазируфта шудани пешниҳоди ҷумҳурии мо аз ҷониби СММ на танҳо барои Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, на танҳо барои минтақаи Авруосиё, балки барои тамоми инсоният як роҳи муҳим ва барномаи мукаммал ба ҳисоб меравад.

 

Ба таъкиди коршиносон аз ҷониби СММ ва раиси ин созмон Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон ироа гардидани барқияи табрикӣ ин дар соли 2018 то соли 2028 барои мардуми Тоҷикистон як марҳилаи навро ба вуҷуд оварду кишвари мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ба марҳилаи рушд ворид шудани Тоҷикистон дар арсаи давлатҳои минтақа мавқеи воқеан ҳам пешрафтаи Тоҷикистонро баръало муаррифӣ хоҳад кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои рушди устувори об, балки барои истифодабарии он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як пешниҳоди хубе ҳам кард, ки ба он сиёсатҳое, ба монанди сиёсати фурӯши газ ва дигар сӯзишворӣ об нисбат ба он маводҳо арзиши баландтар дорад. Кишвари мо ба ҷаҳони муосир ана ҳамин масъалаи аз ҷиҳати арзиш қиммат будани обро нишон дод. Ин буд, ки аз ҷониби 177 давлати дунё пешниҳоди чоруми Тоҷикистон “Об барои рушди устувор” қабул гардид, ки ин як шинохти Тоҷикистон аст. Ин як роҳест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ сохт.

 

Пас аз он ки пешниҳоди Ҳукумати кишвар аз ҷониби СММ вобаста ба қабул намудани даҳсолаи навбатӣ дар соҳаи об пазируфта шуд, Пешвои миллат ҳангоми ироаи Пайёми солонаи хеш аз иқдоми мазкур ёдовар шуда, иброз дошт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад”.

 

Ин ҳама гуфтаҳо далели онанд, ки об ҳамчун сарчашмаи ҳастӣ ва покӣ дар ҳама давру замон дар мадди назари инсоният қарор дошту имрӯз баҳри ҳифзу гиромидошти он, бахусус ба оби ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

 

Пас, моро лозим аст, дар ҳама ҳолат баҳри пок нигоҳ доштани об пайваста эҳтиёткор бошему онро чун манбаи рӯшноӣ шиносему ҳифз намоем. Зеро пок нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани об масъулияти тамоми инсонҳои рӯи дунёст.

 

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

 

http://javonon.tj/news/economics/to-ikiston-tashabbuskori-asos-dar-so-ai-ob/

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *